Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кӯмакҳои башарии Белорус ба Тоҷикистон расид


Ҷумҳурии Белорус рӯзи ҷумъа ба Тоҷикистон 32 тонна кӯмакҳои башарӣ интиқол дод. Маводи ниёзи аввалия, аз ҷумла маводи ғизоӣ, либосу ва ҷойхоб барои онҳое пешбинӣ шудааст, ки дар обхезиву боронгариҳои шадиди моҳи гузашта бесарпаноҳ монданд. Витал Навитский, сухангӯи вазорати ҳолатҳои изтирории Ҷумҳурии Белорус, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кӯмаки бештар аз 160 ҳазор долларӣ бо тақозои ҳукумати Тоҷикистон ироа шуд. Моҳи май обхезиву сел дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон бештар аз 40 нафарро кушт ва садҳо манзили истиқоматӣ вайрону валангор кард.
XS
SM
MD
LG