Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди саввуми Барак Обама аз маҳалли фалокат


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, зоҳиран ба ширкати бритониёии ВР дар ниҳоят муяссар шудааст, то ба ҳадде монеъи ихроҷи нафт дар Халиҷи Мексика шавад. Аммо гуфт, Барак Обама ҳанӯз зуд аст, ки хушбин бошем. Раиси ҷумҳури Амрико дар ин бора рӯзи ҷумъа дар иёлати Луизиана сӯҳбат кард ва бори саввум аст, ки аз маҳалли фалокат боздид мекунад. Рӯзи панҷшанбе, ширкати Бритиш Петролиум тавонист, то бо гузоштани кулоҳаке ба сари лӯлаи рахнашуда, монеъи нашри нафт дар дарё шавад. Аммо маълум нест, чӣ қадар нафти дигар ҳанӯз ҳам ба дарё мерезад. Барак Обама гуфт: "Ба назар мерасад, ки кулоҳак андаке ҳам бошад, нафтро ба боло мекашад ва онҳо ба оҳистагӣ рахнаҳоро мебанданд. Онҳо ин корро боэҳтиёт анҷом медиҳанд, то кулоҳакро беҷо ва вайрон накунанд. Натиҷаҳои бештарро дар муддати 24 то 48 соати оянда мебинем, аммо ҳоло барои хушбин будан бисёр зуд аст." Паҳн шудани нафт дар Халиҷи Мексика, яке аз бадтарин фалокатҳои муҳитизистии Амрико шуда ва ҷомеаи ин кишварро ба хашм овардааст.
XS
SM
MD
LG