Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дмитрий Медведев бо Ангела Меркел мулоқот мекунад


Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, имрӯз дар Берлин бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон доир ба масоили зиёде гуфтӯгу мекунад. Дмитрий Медведев рӯзи рӯзи ҷумъа вориди Олмон шуд ва интизор меравад, ки дар мулоқотҳои имрӯза, аз ҷумла, масъалаи эъмоли таҳрим ба зидди Эрон барои барномаҳои баҳсбарангези атомиаш баррасӣ шавад. Олмону Русия аз ҷумлаи шаш қудрати ҷаҳонианд, ки талош доранд, то Эронро ба боздоштани фаъолиятҳои ғанисозии ураниум водор кунанд. Ангела Меркел ва Дмитрий Медведвев, ҳамчунин ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунанд. Олмон яке аз шарикони наздики тиҷоратии Русия аст ва мубодилоти моли миёни ду кишвар соли гузашта тақрибан ба 50 миллиард евро расидааст.
XS
SM
MD
LG