Пайвандҳои дастрасӣ

Як фармондеҳи аршади Толибон кушта шуд


НАТО дар Афғонистон мегӯяд, ки имрӯз нируҳои ин паймон ва нируҳои ҳукумати Афғонистон Мулло Зергайро, ки фармондеҳи аршади Толибон дар минтақаи Қандаҳор муаррефӣ шудааст, ба қатл расондаанд. Дар изҳороти НАТО омадааст, Зергай мустақиман масъули фаъолиятҳои шӯришиён дар вулусволиҳои Арғундоб ва Жарай ва дар шаҳри Қандаҳор будааст ва масъули чанд куштор дар шаҳри Қандаҳор низ мебошад. Дар ин изҳорот омадааст, Зергай ҳафтаи гузашта дар ҷараёни як амалиёт замоне, ки нируҳо мехостанд вайро боздошт кунанд, кушта шудааст.


Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG