Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи барномаҳои Симои мустақили Тоҷикистон


Тайи чанд рӯз аст, ки барномаҳои СМТ (Симои мустақили Тоҷикистон) - ягона шабакаи телевизионии ғайридавлатӣ дар шаҳри Душанбе пахш намешавад.

Сабаби тавқифи барномаҳои СМТ қатъ шудани интиқоли нерӯи барқ ва мушкили фиристандаи шабака унвон мешавад. То кунун масъулони ин шабака изҳори назаре дар ин бора ироа накардаанд, аммо давоми чанд моҳи ахир СМТ бо мушкили фаннӣ ба иллати пахши муштарак дар як басомад бо шабакаи ОРТ-и Русия мувоҷеҳ буд.

Ин бори аввал нест, ки як шабакаи ғайридавлатӣ дар кишвар мувоҷеҳ ба мушкил мешавад. Давоми 18 соли истиқлолияти Тоҷикистон дар Душанбе ҳамагӣ ду телевизиони хусусӣ - «Сомониён» ва СМТ таъсис шудааст. Фаъолияти шабакаи «Сомониён» қаблан бо сабабҳои номаълум қатъ шуда буд.

Мушкили муҷаввиз

Давоми панҷ сол 20 шабакаи телевизионии хусусӣ барои гирифтани муҷаввиз талош карданд, аммо муваффақ нашудаанд. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро роҳ барои таъсис шабакаҳои ғайридавлатӣ баста аст?

Шаҳло Акобирова, роҳбари иттиҳодияи ҷамъиятии «Хома», ки чанд сол инҷониб барои гирифтани муҷаввиз талош дорад, мегӯяд, Кумитаи телевизион ва радио масъули додани иҷозатнома аст, аммо намехоҳад, дар фазои иттилоотии кишвар рақиб дошта бошад.

Хонум Акобирова бо ишора ба таҳдиди фазои амнияти иттилоотии кишвар мутмаин аст, ки «ягона роҳи пешгирӣ фароҳам овардани имконият барои таъсиси телевизионҳо ва радиоҳои хусусӣ аст.»

Аммо Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумат, ки ҳамзамон раиси Коммиссияи линсензиядиҳӣ аст, мегӯяд, «дар фазои иттилооти кишвар 16 ширкати радиоии давлатӣ, 28 радиои хусусӣ , 19 шабакаи телевизионии хусусӣ ва 9 давлатӣ фаъол аст. Ва ин шаҳодати он аст, ки фазои иттилоотӣ кишвар таъмин аст ва он шабакаҳои хусусие, ки барои гирифтани муҷаввиз муваффақ намешаванд, санадҳои заруриашон ба қонунгузории радио ва телевизионшунавои кишвар мухолифат дорад».

РӮ ба шабакаҳои моҳвораӣ

Роҳбарони ширкатҳои иттилоотӣ мегӯянд, ки бар асари халои иттилоотӣ дар кишвар мардум ба шабакаҳои хориҷӣ рӯ меоранд.

Пажӯҳиши созмони ҷамъятии «Хома» дар чанд соли пеш собит кардааст, ки ҳудуди 70 дарсади шаҳрвандони Душанбе барномаҳои шабакаҳои телевизионии моҳвораиро тамошо мекунанд.

Чанде пеш дар як ҳамоиш дар Душанбе Қадамҷон Сафиев, масъули Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон, нигаронӣ карда буд, ки дар манотиқи марзӣ 26 шабакаи радиоӣ ва телевизонии Узбакистон нерӯмандтар буда, ба пахши барномаҳои восити ахбори Тоҷикистон халал эҷод мекунанд.

Радди тарҳи панҷ радио

Дар муддати се соли ахир масъулони панҷ радиои мустақил, дар манотиқи ҷануб ва шарқи Тоҷикистон талош карданд, то аз Кумитаи давлатии радио ва телевизион иҷозатнома дарёфт кунанд, аммо ин ниҳоди давлатӣ бо баҳонаи он, ки бунёдгузорони ин шабакаҳо созмони хориҷист, онҳоро аз гирифтани иҷозатнома маҳрум кард.

Аммо Асадулло Раҳмон ин ҳамаро бепоя мехонад ва мегӯяд, ки мушкил танҳо сари муғойирати санадҳо ба қонунгузории кишвар буд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани васоити электронии мустақили Тоҷикистон, мегӯяд, ки Созмони амрикоии Интернюс омодагии хешро барои муҷаҳҳаз кардани чанд шабакаи телевизионӣ ва радиои хусусӣ дар минтақаҳои мухталифи кишвар эълом карда буд, аммо аз сабаби надодани иҷозатнома аз тарафи Коммисияи иҷозаномадиҳӣ ин созмон таҷҳизоти хешро ба кишварҳои дигар интиқол додааст.

Шабакаи "Азия плюс" рӯи когаз монд

Чанд сол инҷониб гурӯҳи «Азия плюс» талош дорад, ки шабакаи телевизионӣ таъсиси бидиҳад, аммо аз сабаби мушкили дарёфти иҷозатнома то кунун комёб нашудааст.

Асадулло Раҳмонов, раиси Кумиссияи муҷаввиздиҳӣ, сабаби бенатиҷа анҷом ёфтани талошҳои гурӯҳи «Азия плюс»-ро ба номи шабакаи рабт медиҳад. Вай мегӯяд, «тибқи қонун, ҳар як ширкат ва ё муассиса бояд, ки бо як ном сабт шавад. Оҷонсии «Азия плюс» ва ҳафтаномаи «Азия плюс» бо як ном сабт шудаанд ва ин мухолифи қонун аст. Ҳамчунин манбаи молиявии телевизиони «Азия плюс» нишон дода нашуда буд».

Тибқи омори расмӣ, ҳамакнун дар қаламрави Тоҷикистон 21 шабакаи мустақили радиоӣ ва телевизионӣ мавҷуд аст, ки бештари онҳо дар шимоли кишвар ва шаҳри Душанбе фаъол аст.
XS
SM
MD
LG