Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаронса дар Душанбе терминали фурудгоҳ месозад


Бино ба иттилои хабаргузориҳои маҳалии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо Анрӣ Зиппер де Фабианӣ-сафири Фаронса дар Душанбе масъалаи сохтмони терминали фурудгоҳи Душанберо баррасӣ кардааст. Бино ба хабарҳо, интизор меравад, ки дар оянда Гиём Жискар Д Эстен-раиси кули ширкатҳои сохтмонии Фаронса "Сафема" ва раиси ширкати "Алфа Аэропорт" Даниел Раве аз Тоҷикистон боздид кунанд. Тибқи тавофуқоти ба даст омадаи миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Фаронса қарор аст Фаронса дар Душанбе терминали муосир бунёд кунад.

XS
SM
MD
LG