Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филмсози эронӣ дар Берлин ғайб задааст


Пулиси Олмон мегӯяд, як наққош ва филмсози эронӣ 11 рӯз пеш ғайб задааст. Мақомот талош доранд маҳали буду боши вайро рӯшан кунанд. Ба гуфтаи пулиси Берлин, то ҳол дар бораи маҳали буду боши Дориюш Шукуф маълумот надорад ва намедонанд, ки ҷиноят дар куҷо рух додааст. Бино ба гузоришҳо, ин наққоши 55-соларо охирин бор 24-ӯми май дидаанд ва вай мехостааст ба қатори Порис савор шавад. Моҳи гузашта ду филми сохтаи Шукуф, ки дар он вай аз ҳукумати Эрон интиқод мекунад, дар Берлин ба намоиш даромада буд.
XS
SM
MD
LG