Пайвандҳои дастрасӣ

Тавоноии интиқоли лулаи нафти Чин-Қазоқистон боло меравад


Ҳу Ҷинтао-раиси ҷумҳури Чин ҳафтаи оянда дар ҷараёни боздидаш аз Тошканд дар бораи афзоиши тавоноии лулаи интиқоли нафти хоми Осиёи Марказӣ қарордод имзо мекунад. Ченг Гуопинг-ёвари вазири хориҷаи Чин дар Пекин ба хабарнигорон гуфт, ки ин қарордод бахше аз талошҳои Чин аст, ки мехоҳад дорои манобеи мухталифи таъмини нафт бошад. Лулаи нафти Шинҷон-Қазоқистон танҳо 4 дарсади воридоти нафти Чинро ташкил медиҳад ва тавоноии интиқоли ин лула моҳи апрел ба бештар аз 5 миллион бушка дар як рӯз расид.
XS
SM
MD
LG