Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷиргаи сулҳ бо тасвиби пешниҳодҳои Карзай поён ёфт


Дар Кобул ҷиргаи серӯзаи сарони қабоилу ақвоми сокини Афғонистон бо ҳимоят аз пешниҳоди Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дар бораи ҷалби Толибон ба музокироти сулҳ ба поён расид. Қиёмиддин Кашаф-муовини раиси ҷиргаи мазкур, ки дар он 1 600 нафар раҳбарони қабилаҳо аз саросари кишвар узвият доранд, ба хабарнигорон гуфт, "мо бояд бо тамоми ниру барои сулҳ талош кунем". Карзай аз "ҷиргаи сулҳ" хост, ки нақшаҳои вай аз ҳимояти мардумӣ бархурдор шавад. Ба ин нақшаҳо пешниҳоди афв, пули нақд, ҷои кор ба сарбозони қатории Толибон ва додани паноҳандагӣ ба раҳбарони аршади Толибон дар кишварҳои дигар дохил мешавад. Толибон ин ҷиргаро байкот кардаанд. Рӯзи чаҳоршанбе 2 шӯришӣ кушта ва як нафари дигар дар наздикии маҳали баргузории ҷирга боздошт шуд.
XS
SM
MD
LG