Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон аломатгузории марзро ба таъхир гузошт


Ҳукумати муваққати Қирғизистон ба далели ихтилофоти назар миёни аъзои ин ҳукумат натавонист ҳайати намояндагон барои аломатгузории марз бо Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қазоқистонро таъсис диҳад.

Қарор аст, ки аъзои ин ҳайати ҳукуматӣ минтақаҳои баҳсноки марзи миёни Қирғизистон бо Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қазоқистонро дар меҳвари гуфтугузорҳо қарор хоҳанд дод.

Аммо Азимбек Бекназаров, ноиби раиси ҳукумати муваққатӣ, пешниҳоди Саломат Аламоновро ба ҳайси ноиби раиси ҳайати намояндагони ҳукуматии Қирғизистон напазируфт. Ба гуфтаи ӯ Саломат Аламонов, ки дар ҳайати ҳукуматӣ қаблан низ фаъолият кардааст, дар интиқоли заминҳои марбути Қирғизистон ба ҳамсоякишварҳои он муттаҳам мебошад.

Ҳукумати муваққатӣ таҳти раёсати Роза Отунбоева баъди баҳсҳои доманадор перомуни ин масъала тасмим гирифт, ки таъсиси ҳайати ҳукуматиро ба вақти дигар мавқуф мегузорад.

Ихтилофот миёни аъзои ҳукумати муваққатӣ

Исмоил Исоқов, вазири дифои ҳукумати муваққатӣ, гуфт, дар интихоби Роза Отунбоева ба мақоми раисиҷумҳурии давраи гузариш касе овози ӯро ба эътибор нагирифт.

Ба гуфтаи Исмоил Исоқов, вақте ки вай дар минтақаи ҷануби кишвараш мардумро ба сулҳу субот даъват мекард, баъзе ҳамтоёни ӯ дар Бишкек ба тақсими мақомҳои давлатӣ машғул шуда, чанде аз онҳо ба сайру саёҳати кишварҳои дуру наздик баромадаанд.

Абдуғанӣ Эркабоев, узви ҳукумати муваққатӣ, иддае аз аъзои ҳукумати навро дар ғасби мошинҳои давлатӣ ва таъсиси гурӯҳи муҳофизони мусаллаҳ ва андармони худнамоишдиҳӣ айбдор кард.

Ба гуфтаи Абдуғанӣ Эркабоев ҳукумати муваққатӣ он вақт интихоботҳои шаффофу демократӣ ва мардумӣ баргузор хоҳад кард, ки дар ин шабонарӯз ба ҳар гуна тазйиқу фишор ва гурӯҳбандиҳо барҳам диҳад.

Вай гуфт, итминон дорад, ки баъди баргузории референдум ва ба мақоми президенти давраи гузариш расидани Роза Отунбоева ҳамаи аъзои ҳукумат ба вай итоат мекунанд ва амру фармонҳои ӯро бекаму кост ба иҷро мерасонанд.

Омодаги ба интихоботи парлумонӣ

Аммо оё дар ҷараёни интихоботи парлумонӣ аъзои ҳукумати муваққатӣ аз вазифа истеъфо медиҳанд ё не. Темир Сариев гуфт, ки бо вуҷуди даъвогарӣ ба курсиҳои парлумон онҳо наметавонанд, ки баъди референдум Роза Отунбоеваро танҳо монанд.

Ба гуфтаи Темир Сариев баъзе масъалаҳо баъди баррасии васеи аъзои ҳукумати нав ҳаллу фасл хоҳанд шуд, аз ин лиҳоз дар ин ҷода Роза Отунбоева ба кумаки онҳо ниёз хоҳад дошт.

Вале Тӯпчибек Турғуналиев эътироз кард, ки аъзои ҳукумати муваққатӣ ҳақ надоранд, ки дар ҷараёни интихобот ба кори ин ҳукумат мудохила кунанд ва онро мардуми кишвараш қабул нахоҳад кард.

Аммо ба ин баҳс Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққатӣ, нуқта гузошт. Ба гуфтаи Роза Отунбоева аъзои ҳукумати нав ба ҳайси Шӯрои сиёсӣ боқӣ хоҳанд монд ва иҷрои мақомҳои марбути онҳо ба ноибонашон супурда хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест ки мувофиқи декрет аъзои ҳукумати муваққатӣ дар давраи интихобот ҳақ надоранд, ки ба умури давлатӣ мудохила кунанд.

Коршиносон мегӯянд, дар ин маврид ҳукумати муваққатӣ таҳти раёсати Роза Отунбоева ҳатман ба ягон хулосаи ниҳоӣ хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG