Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод 9-ӯми июн аз Тоҷикистон боздид мекунад


Бино ба хабари вазорати хориҷаи Тоҷикистон, қарор аст Маҳмуди Аҳмадинажод-раиси ҷумҳури Эрон 9-ӯми июн барои боздиди корӣ вориди Тоҷикистон шавад. Дар ҷараёни ин боздид мулоқоти вай бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст. Раҳбари Эрон дар як ҳамоиши байналмиллалӣ, ки дар чаҳорчӯбаи даҳсолаи байналмиллалии "Об барои ҳаёт" дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ширкат меҷӯяд.
XS
SM
MD
LG