Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндониён ба нишонаи эътироз шиками худро чок карданд


Чанд нафар аз зиндониёни зиндони Долинкаи вилояти Қазоқистон дар Қарағанда қасдан худро маҷруҳ кардаанд. Қайдар Сарин-посбони зиндон ба хабарнигори бахши қазоқии радиои Озодӣ гуфтааст, 5 зиндонӣ рӯзи панҷшанбе шиками худро чок кардаанд. Ба гуфтаи вай, ин зиндониён дар бемористони шаҳраки Шахтинск бистарӣ шудаанд ва вазъи саломатии онҳо оддист. Вадим Курамшин-фаъоли ҳуқуқи башари Қазоқистон, ки аз муддатҳо ба ин сӯ бар вазъи зиндони Долинка назорат мебарад, ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин зиндониён ба ҳамин тартиб ба азияту шиканҷаи зиндонбонон эътирози худро нишон додаанд.
XS
SM
MD
LG