Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз Ҷиргаи сулҳи Афғонистон ба поён мерасад


Қарор аст имрӯз ҳамоиши серӯзаи сарони қабоилу ақвоми Афғонистон бо номи Ҷиргаи сулҳ ба поён расад. Дар он 1 600 нафар ширкат доранд. Рӯзи панҷшанбе, дар дуввумин рӯзи кори ҷирга ширкаткунандагон ба гурӯҳҳои хурд тақсим шуданд, то ба тавофуқ бирасанд, ки барои ширкат дар музокироти сулҳ Ҳомид Карзай аз нируҳои тундрав киҳоро даъват кунад, чӣ масъалаҳо дар ин музокирот матраҳ шаванд ва чӣ тарз ин музокирот анҷом бигирад. Карзай аз пешниҳодҳо дар бораи бахшидани тундравҳои оддӣ ва баъзе пешниҳодҳо дар бораи гузоштани аслиҳа ба замин ва пайвастан ба зиндагии сулҳомези онҳо ҳимоят кард. Карзай пешниҳод кард, ки бо раҳбарони аршади Толибон музокира анҷом бигирад, бо ононе, ки аз ҳамкорӣ бо Ал Қоида даст мекашанд.
XS
SM
MD
LG