Пайвандҳои дастрасӣ

2 террористи эҳтимолӣ дар Варзоб кушта шудаанд


Бино ба иттилои хабаргузории "Авеста", дар дараи Варзоб террористони эҳтимолӣ аз байн бурда шудаанд. Баъд аз ҳодисаи 2-юми июн дар посгоҳи пулис дар наздикии Майхура, ки афроди мусаллаҳи номаълум ба сӯи посгоҳ тирандозӣ карданд, амалиёти "боздошт" эълон шуд. Дар ҷараёни ин амалиёт бо террористони эҳтимолӣ задухурд ба вуқуъ пайвастааст. Ин манбаъ хабар медиҳад, ки дар ин задухурд як корманди ОМОН кушта шудааст. 2 террористи эҳтимолӣ низ кушта шудаанд. Аз афроди кушташуда ном бурда намешавад. Вале вазорати дохилаи Тоҷикистон гуфтааст, ки эҳтимол дорад ин 2 нафар аъзои "Ҳаракати Исломии Узбакистон" будаанд.
XS
SM
MD
LG