Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод ба Душанбе меояд. Раҳмон ба Тошканд меравад?


Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон қарор аст рӯзи 9 -уми июн бо як сафари корӣ вориди Тоҷикистон шавад. Зимни ин сафар масоили мавриди алоқаи ду кишвар баррасӣ мешавад.

Қарор аст, Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи 9 -уми июн, инчунин, дар конфронси байналмилалии «Об барои ҳаёт», ки дар шаҳри Душанбе доир мешавад, ширкат ва суханронӣ кунад.

Раисҷумҳури Эрон баъди боздиди кории худ аз Тоҷикистон роҳии Тошканд, пойтахти Узбакистон мешавад. Ӯ дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонҳой, ки дар Тошканд доир мешавад, ширкат хоҳад кард.

Президенти Тоҷикистон ба Тошканд меравад?

Бархе расонаҳо аз қавли манобеъи худ дар ҳукумати Тоҷикистон хабар додаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд ширкат хоҳад кард.

Аммо Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, гуфт, дар ин маврид иттилои расмие надорад ва феълан чизе гуфта наметавонад. Дар ҳамин ҳол, Зафар Раҳимҷонов, консули Узбакистон дар Тоҷикистон, гуфт, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ин нишаст даъват шудааст ва иштироки ӯ низ дар назар аст.

Муносиботи Душанбе ва Тошканд аз аввали соли нави мелодӣ то кунун, ба дунболи боздошти вагонҳои молу коли Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон ба сардӣ гароидааст. Ва ин сардӣ ба таҳлилгарон ин баҳонаро додааст, то ҳадс бизананд, ки шояд раисҷумҳури Тоҷикистон аз ширкат дар нишасти сарони СҲШ дар Тошканд худдорӣ кунад.

Муносиботи Тоҷикистон ва Узбакистон бар сари сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар ҳоли бӯҳронӣ қарор дорад. Узбакистон даъво дорад, ки сохтмони ин нерӯгоҳ боиси фоҷеаи зистмуҳитӣ дар кишварҳои поёноб мешавад.

Тоҷикистон ҳамвора ин даъворо рад карда ва гуфтааст, ки бо сохтмони нерӯгоҳҳо қасди бастани маҷрои об ба рӯи кишварҳои поёнобро надорад.

«Об барои ҳаёт»


Конфронси байналмилалии об барои ҳаёт қарор аст, дар таърихи 8-10 -уми июни сори равон дар шаҳри Душанбе доир шавад. Бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон Маҷмаи умумии СММ дар соли 2009 Даҳсолаи об барои ҳаёт, дар солҳои 2005 — 2015 -ро эълон карда буд. Ва ин конфронс низ дар ҳамин чаҳорчӯб баргузор мешавад.

Ба ин конфронс, ки қарор аст масъала ва мушкилоти марбут ба об ва истифодаи оқилона аз манобеи обиро баррасӣ кунад, намояндагони 191 кишвари ҷаҳон, сохторҳои марбут ба СММ ва 80 созмони дигари байналмилалӣ даъват шудаанд.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, то кунун 70 кишвар ва 65 созмони байналмилалӣ омодагии худро барои ширкат дар ин конфронс изҳор кардаанд.
XS
SM
MD
LG