Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳувияти ҳамлагарон ба посгоҳи Варзоб эълон шуд


Хабаргузории "Авесто" аз қавли манобеи вазорати дохилӣ навиштааст, ки ду нафари ҳамлагар ба посгоҳи милиса дар Варзоб, сокинони ноҳияи Исфара Абдураҳим Умаров ва Абдураҳмон Ваҳҳобов, аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон будаанд.

Ин ду нафар, ки зимни амлиёти нерӯҳои интизомӣ кушта шуданд, таҳти пайгарди қонунӣ қарор доштанд ва ҳамроҳи худ се тапонча ва бештар аз 1000 дона тир ҳамл мекарданд. Ин манбаъ гуфтааст, ки онҳо дар пойгоҳҳои терористӣ дар Афғонистон тамрин дида будаанд.

Мақомоти интизомӣ гуфтаанд, ин ду нафари ҳамлагар ба посгоҳи милиса дар Варзоб узви Ҳаракати исломии Узбакистон буданд ва қасд доштанд дар Душанбе амали террористӣ анҷом диҳанд.

Амалиёти алайҳи ду ҳамлагар ба посгоҳи милиса дар роҳи Душанбе - Хуҷанд, субҳи барвақти рӯзи 4 -уми июн вақте оғоз шуд, ки ду нафари мавриди таъқиб ба нерӯҳои давлатӣ, ки дар ҷустуҷӯи онҳо буданд, ҳамала намуданд.

Дар натиҷаи даргирӣ як афсари ОМОН кушта ва як нафари ғайри низомӣ маҷрӯҳ шудааст, ки гуфта мешавад ба бемористон интиқол ёфта ва айни ҳол ба ҳаёти ӯ хатаре таҳдид намекунад.

Ҳамасола дар Тоҷикистон тақрибан 15 нафарӣ аз гумонбарони узвият ба Ҷунбиши исломии Узбакистон маҳкум ба зиндон мешаванд.

Ин ҷунбиш дар шаҳри Қандаҳори Афғонистон таъсис шуда ҳадафаш аз байн бурдани сохторҳои феълии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дар ин минтақа таъсис кардани давлати исломист. Бештари мусаллаҳони Ҷунбиши исломии Узбакистон дар задухӯрдҳо дар ҷануби Афғонистон ва манотиқи қабоилнишини Покистон аз ҷониби толибон меҷанганд.

Ҳамла ба посгоҳи мислиса рӯзи дуввуми июн

Рузи дуюми июн бар асари ҳамлаи мусаллаҳона ба пулис дар посгоҳи Варзоб як корманди Вазорати корҳои дохилӣ ҷароҳат бардошта буд. Ин воқеа дар минтақаи Майхура рух дода буд.

Бино бар навиштаи хабаргузории «Авасто», кормандони шӯъбаи мубориза бо ҷинояткории муташаккилона дар чаҳорчӯби амалиёти «Кӯкнор-2010» як мошини “Опел-вектра”-ро бозмедоранд, ки дар дарунаш бар иловаи ронанда боз чанд мусофир менишастаанд.

Корманди пулис ба мошин наздик шуда, ронанда ва мусофиронро хоҳиш мекунад, ки аз он берун шаванд. Дар посух яке аз мусофирон ба корманди пулис оташ мекушояд ва ӯро захмӣ мекунад. Баъдан, онҳо мошинро тарк карда, аз маҳалли ҳодиса ҳама фирор мекунанд.

Манбаъи “Авасто” гуфтааст, аз даруни мошин як борхалта бо детонатор ва таппончаи “Валтер” бо садохомӯшкунаш дарёфт шудааст.

Баъдан, ба маҳалли ҳодиса нерӯҳои фаврӣ эъзом шудаанд. Хабаргузории “Азия-Плюс” менависад, нерӯҳои интизомӣ маҳалли будубоши фирориёнро дармеёбанд ва дар он ҷо низ даргирӣ ба амал меояд. Дар натиҷа ҷинояткорон, ки шумораашон ду нафар номида мешавад, кушта мешаванд.
XS
SM
MD
LG