Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори қурбониёни сӯхтор дар Дакка аз 100 гузашт


Мақомоти Бангладеш мегӯянд, бар асари як сӯхтори бузург дар шаҳри Дакка, пойтахти ин кишвар, беш аз 100 нафар кушта ва беш аз 100 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Мақомот мегӯянд, ин сӯхтор шоми дирӯз ғолибан аз инфиҷор дар як пойгоҳи нирӯи барқ шурӯъ шуд. Бино ба хабарҳо, сӯхторнишонҳо фақат баъди 3 соат тавонистаанд, оташсӯзӣ дар яке аз минтақаҳои пуриздиҳоми пойтахти Бангладешро фурӯ нишонанд.
Шоҳидон мегӯянд, дар байни қурбониён меҳмонони як арӯсӣ низ будаанд. Ин арӯсӣ дар боми манзиле мегузашт, ки низ ба коми оташ рафт.
XS
SM
MD
LG