Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама амалиёти Исроилро фоҷиа номид


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама амалиёти пурқурбонии рӯзи 31 майи Исроил алайҳи киштиҳои ҳомили кӯмак барои навори Ғазаро “фоҷиа” унвон кард. Обама дар мусоҳиба бо CNN гуфт, ин қазия бояд ба исроилиҳову фаластиниҳо нособитии шароити кунуниро намоиш дода, ҳарду ҷонибро ба пешрафт дар раванди сулҳ ташвиқ кунад. Аммо Обама аз маҳкум кардани истифодаи Исроил аз нерӯ худдорӣ кард ва гуфт, Исроил нигарониҳои воқеъии амниятӣ дорад ва на ҳамаи маълумот дар бораи амалиёти рӯзи душанбе рӯшан шудааст.
Дар он амалиёти зидди киштии Туркия 8 шаҳрванди турк ва як шаҳрванди 19-солаи Амрико, ки низ зодаи Туркия будааст, кушта шуданд. Ин қазия мояи таниш дар равобити Исроил бо Туркия, як муттаҳиди аслии Амрико дар минтақа шуд.
XS
SM
MD
LG