Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози парвози сохтаи 6 "фазонавард" ба Миррих


6 мард – 3 шаҳрванди Русия, як фаронсавӣ, як итолиёӣ ва 1 шаҳрванди Чин - дар пажӯҳишгоҳе дар Маскав ба сафари сохтаи 520-рӯза ба сайёраи Миррих шурӯъ карданд.
Ин озмоиш ба хотири маълум кардани ин нукта аст, ки оё бадан ва мағзи инсон то кадом муддате метавонад ба инзивоъи тӯлонӣ тоб оварад? Ин 6 нафари таҳти озмоишро дар як сохтмони ҳаҷмаш 550 метри мукааб маҳкам кардаанд. Шароити онҳоро ҳам ҳаддалимкон шабеҳи шароити сафари Миррих сохтаанд. Ниҳодҳои кайҳоншиносии Аврупову Амрико дар зарфи ягон 30 соли дигар муҳайё шудани заминаи парвоз ба Миррихро имконпазир мешуморанд.
XS
SM
MD
LG