Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Изҳори қаҳру хашми Обама аз фоҷиаи нафтӣ


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, фоҷиаи зистмуҳитӣ дар халиҷи Мексика хашмгинаш кардааст. Ӯ афзуд, ширкати бритониёии BP ба хотири пешгирӣ аз хуруҷи нафт ба обҳои ин халиҷ ба қадри кофӣ зуд амал намекунад. Обама дар мусоҳиба бо телевизиони CNN гуфт, хашми ӯ аз ин аст, ки хуруҷи нафт мисоли рӯшани бар авоқиби аъмоли худ наандешидани афрод ва дар ин намуна, ширкати нафтии BP аст. Ин шадидтарин интиқоди Обама аз ВР тайи 44 рӯзи гузашта аз оғози хуруҷи нафт ба обҳои халиҷи Мексика буд.
Ду талоши ВР барои қатъи хуруҷи нафт натиҷа надод ва ин ширкат акнун нақшаи севвумро рӯи даст гирифтааст, ки иҷрояш то моҳи август фурсат металабад.
XS
SM
MD
LG