Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лаҳни ҳарчӣ тундтари зиддиисроилӣ дар Туркия


Раисиҷумҳури Туркия Абдуллоҳ Гул гуфт, баъд аз амалиёти пурқурбонии рӯзи 31 май алайҳи киштиҳои ҳомили кӯмак барои навори Ғаза равобити кишвараш бо Исроил дигар ҳеҷ гоҳ ба сурати пешин нахоҳад шуд. Ин паём аз телевизиони Туркия замоне садо дод, ки дирӯз дар Истамбул дар маросими дафни 9 нафари кушташуда дар он амалиёти нирӯҳои вижаи Исроил ҳазорон нафар ҷамъ шуда буд.
Дирӯз беш аз 500 нафар аз аҳли корвони киштиҳои ҳомили кӯмак ба сарзаминҳои фаластиниҳоро баъд аз ихроҷ аз Исроил дар Истамбул ҳамчун қаҳрамон истиқбол карданд. Фиристодаи Амрико дар Ховари Миёна Ҷорҷ Митчелл гуфт, “фоҷиа”-и ин корвони киштиҳо набояд ба раванди сулҳ осеб расонад.
XS
SM
MD
LG