Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯхтори пурқурбонӣ дар пойтахти Бангладеш


Дар як сӯхтори бузург дар шаҳри Дакка, пойтахти Бангладеш, ба гуфтаи мақомот, ҳудуди 90 нафар кушта ва беш аз 100 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Раҳбари пулиси Дакка Шаҳидулҳақ гуфтааст, ки алакай аҷсоди дастикам 87 нафарро пайдо кардаанд. Мақомот мегӯянд, ин сӯхтор шоми дирӯз ғолибан аз инфиҷор дар як пойгоҳи нирӯи барқ шурӯъ шудааст. Бино ба хабарҳо, сӯхторнишонҳо фақат баъди 3 соат тавонистаанд, оташсӯзӣ дар яке аз минтақаҳои пуриздиҳоми пойтахти Бангладешро фурӯ нишонанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG