Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон ҳамоно монеъи убури вагонҳо мешавад


Владимир Собкалов, муовини раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ба хабаргузории “Авасто” гуфт, ки Узбакистон ба мониагузорӣ дар роҳи убури вагонҳои боркаш ба Тоҷикистон идома медиҳад. Қаблан тавофуқ шуда буд, ки Узбакистон рӯзи 1 июн ба 27 вагон иҷозати вуруд ба вилояти Хатлонро хоҳад дод. Аммо ба гуфтаи оқои Собкалов, дар он рӯз аз ин марз ҳамагӣ 24 вагон гузаштааст, ки ҳатто як қатор нест.
Ҷамъи вагонҳои дар Узбакистон бандшудаи Тоҷикистон ҳамоно беш аз 2 000 рақам зада мешавад, ки аз ин шумор тақрибан ҳазор вагонаш марбути вилояти Хатлон будааст. Дар самти Душанбе низ, ба гуфтаи оқои Собкалов мушкилӣ вуҷуд дошта, дар рӯз аз ин масир ҳамагӣ то 4 қатор мегузарад. Баҳси вагонҳо байни Душанбеву Тошканд инак моҳи чорум аст ки идома дорад.
XS
SM
MD
LG