Пайвандҳои дастрасӣ

Табдили руасои се ноҳияи Тоҷикистон


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон руасои навоҳии Зафарободу Фархор ва Шӯроободро иваз кард. Зимнан раиси собиқи Зафаробод Қурбонбой Каримов акнун раиси ноҳияи Фархор таъйин шудааст. Раҳбарии Шӯроободро ба Амирхон Икромов ва Зафарободро ба Ҳамидҷон Боиров супурдаанд. Ҳамин тавр, мушовири ҳамакнун собиқи раисиҷумҳур Одилҷон Ҷабборов мудири бахши молияи дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ва Назар Одинаев муовини раиси Ожонси сиёсати зиддиинҳисории ҳукумат таъйин шудаанд.
XS
SM
MD
LG