Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳокимаи дубораи парвандаи Махсуми Сироҷиддин


Додгоҳи шаҳри Душанбе ба бозбинии ҳукми 7 нафаре шурӯъ кард, ки додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт рӯзи 22 январ онҳоро бо ҷурми пайравӣ ба равияи Салафия ва барангехтани кинаву адовати мазҳабӣ ба мӯҳлати аз 5 то 7 сол маҳкум ба зиндон кард. Яке аз маҳкумин Сироҷиддин Абдураҳмонов буд, ки дар доираҳои мазҳабӣ бештар ҳамчун Махсуми Сироҷиддин ва аз раҳбарони рӯҳонии салафиҳо маъруф аст ва ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Аммо маҳкумин ҳукми додгоҳи ноҳияро беш аз ҳадд дониста, ба додгоҳи шаҳрӣ шикоят бурданд. Махсуми Сироҷиддин ҳамроҳ бо фарзанд ва пайравонаш ҳанӯз моҳи июли соли гузашта дар масҷиде дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт боздошт шуда буд.
XS
SM
MD
LG