Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Свердловск 193 тоҷикро эм задаанд


Дар вилояти Свердловски Русия маъракаи саросарии аз полиомелит воксин задани муҳоҷирони тоҷик идома дорад. Ин маърака аз 1 то 10 июн идома карда, қарор аст, наздики 15 000 муҳоҷири омада аз Тоҷикистонро фаро бигирад. Вале бино ба хабарҳо, тайи ду рӯзи аввал ҳамагӣ 193 шаҳрванди Тоҷикистон аз фалаҷи кӯдак воксин гирифтаанд. Ахиран дар бадани як мардикори 19-солаи тоҷик, ки дар вилояти Свердловск дар як сохтмон кор мекард, вуҷуди вируси полиомелит ташхис шуд ва мақомоти беҳдоштии ин минтақа дар пай ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши ин бемории сироятӣ тасмим гирифтанд, тамоми муҳоҷирони тоҷикро эм кунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG