Пайвандҳои дастрасӣ

7 баҳоӣ дар Эрон ба додгоҳ эҳзор хоҳанд шуд


Ҷомиаи байналмилалии баҳоиён мегӯяд, 7 пайрави ин равия дар Эрон, ки аз соли 2008 ба ин сӯ таҳти боздошт қарор доранд, рӯзи 12 июн, дуруст дар солгарди аввали интихоботи пурбаҳси раёсатҷумҳурии Эрон, ба додгоҳ эҳзор хоҳанд шуд.
Ин 7 нафар ба аъмоли зидди амнияти миллии Эрон ва ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ айбдор мешаванд.
Намояндаи ин ҷомиа Диана Аълоӣ гуфт, ки онҳо ва ҳомиёни ҳуқуқи башар муҳокимаи мунсифонаи ин парванда ва раҳоии билофосилаи баҳоиёни боздоштшударо талаб доранд.
Ба ҳисоби ин созмон, феълан дар Эрон ҳудуди 35 пайрави ин мазҳаб дар боздошт ба сар мебаранд.
Баҳоия дар асри 19 нахуст аз Эрон бархоста, феълан дар саросари ҷаҳон тақрибан 5 миллион ва дар Эрон ҳудуди 300 000 пайрав дорад. Ин мазҳаб маҷмӯъае аз арзишҳои мазҳабии адёни мухталиф, чун Ислому Масеҳият ва Буддоияро ҷамъ овардааст.
XS
SM
MD
LG