Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагии Молдова ба як райъпурсии саросарӣ


Эътилофи ҳокими Молдова эълон кард, ки дар моҳи сентябр масъалаи баргузории интихоботи мустақими раёсати ин ҷумҳуриро дар маърази як райъпурсии саросарӣ хоҳад гузошт. Эътилофи ҳамоиш бо Аврупо, ки 4 ҳизбро муттаҳид мекунад, гуфт, дар сурати ахзи раъйи мувофиқи аксарият нахустин интихоботи раёсатҷумҳурии Молдоваро ҳамроҳ бо интихоботи пеш аз мӯҳлати парлумонӣ дар моҳи ноябр доир хоҳанд кард.
То кунун президенти Молдова дар парлумон интихоб мешуд, вале парлумон дар соли гузашта бо вуҷуди баргузории чандин раъйгирӣ натавонист раҳбари нави кишварро интихоб кунад. Бино бар назарсанҷиҳо, аксари мардуми Молдова ҷонибдори интихоботи мустақими раисиҷумҳуранд.
XS
SM
MD
LG