Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бозори «Барахолка»-и Алмаато Комил Фатҳуллоев, бозаргони тоҷик, аз ҷониби гурӯҳи ҳамдиёронаш мавриди латтукӯб қарор гирифт.

Ба гуфтаи Комил, ду рӯз қабл аз ин воқеа ин гурӯҳи ҷавонон бародари ӯ - Шамсро низ латтукӯб кардаанд ва чун Комил аз бародараш пуштибонӣ кардааст, онҳо ба Комил низ таҳдид кардаанд.

Баъди ду рӯз онҳо вақти анҷоми кор ба контейнери Комил омада, ӯро латту кӯб кардаанд. Комил мегӯяд, баҳсро бо вай ду нафар сар карда, баъди оғози моҷаро 6 нафари дигар ба латту кӯби ӯ ҳамроҳ шуданд.

Бар асари ин моҷаро сару рӯ ва дасту пою бадани Комил шадидан маҷрӯҳ гардид. Ҳангоми моҷарои нобаробар дигар муҳоҷирони тоҷик, ки дар бозор савдо мекунанд, дахолат накардаанд.

Сабаби моҷаро - маҳалгароӣ

Сабаби рух додани ин ҳодисаро баъзе аз муҳоҷирон марбут ба муносиботи шахсӣ медонанд. Баъзеҳо ҳангоми сӯҳбати ғайрирасмӣ гуфтанд, маҳалгароӣ яке аз сабабҳои моҷаро будааст.

Комил Фатҳуллоев ба ҷуз тиҷорат ҳамчунин бо варзиш низ машғул аст ва дар ин ришта ба комёбиҳои назаррас низ соҳиб гардидааст. Ӯ чанде пеш дар мусобиқаи ҷумҳуриявии ушусанда ширкат карда, соҳиби нишони нуқра ва унвони номзад ба устоди варзиш гардида буд.
Ӯ баъди ин мусобиқа ҳуқуқдор гардид, ки моҳи сентябр дар Бозиҳои Осиё дар Пекин ширкат намояд. Вале ин ҷароҳати зиёде, ки аз латтукӯби ҳамдиёронаш дар ғурбат бардошт, ширкати Комилро дар ин мусобиқа зери суол гузошт.

Ба гуфтаи Комил дар мавриди ин моҷаро идораи корҳои дохилаи нохияи Алатауи шаҳри Алмаато парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва тафтиш идома дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG