Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳо барои тағйири низоми интихоби сарвари Молдова


Эътилофи ҳукмрони Молдова мехоҳад, ки моҳи сентябр дар мавриди бознигарии низоми интихоби раисиҷумҳур раъйпурсии умумимиллӣ доир кунад. Ба иттилоъи бахши молдовии Радиои Озодӣ, эътилофи ҳукмрон, ки ба он чаҳор ҳизби ғарбгаро шомиланд, хостори аз тариқи интихоботи сартосарӣ баргузида шудани раисиҷумҳур аст. Тибқи қонуни асосии Молдова, имрӯз сарвари кишвар дар иҷлосияи парлумон интихоб мешавад. Ҳизби коммунист, ҳизби мухолифи ҳукумат, ки аз 100 курсии парлумон 48-тояшро дар ихтиёр дорад, метавонад ба осонӣ талошҳои навбатии эътилофи ҳукмрон барои раисиҷумҳур интихоб кардани Мариан Лупуро ноком созад.
XS
SM
MD
LG