Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун хостори тафтиши ҷиддии ҳамла ба корвон шуд


Авигдор Либерман, вазири умури хориҷии Исроил, даъвати тафтиши байнулмилалии ҳамла ба корвони киштиҳои ҳомили кумаки башарӣ барои навори Ғаззаро рад кард. Мақомоти Исроил мегӯянд, ки задухӯрд аз сӯи ҳомиёни ҳуқуқи башар шурӯъ шудаааст. Дар ҳамин ҳол имрӯз Бан Ки Мун, Дабири Кулли СММ, ба тафтиши ҷиддии ин қазия таъкид кард, ки "тафтишот бояд ҳама паҳлӯҳои ҳодисаи рӯхдода, аз ҷумла, далелҳои поймолсозии ҳуқуқи байнулмилалӣ ва ҳуқуқҳои башариро бояд дарбар гирад. Қабл аз ҳама бояд ҳама далелҳоро мушаххас кард ва дар пояи он муқаррар намуд, ки ҳодисаи рухдода поймолсозии ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи башарӣ буд ё на".
Ду рӯз пеш Шӯрои амнияти СММ дар нишасти фавқулоддаи худ, ки бо даъвати Туркия баргузор гардид, хостори тафтиши фаврӣ, воқеъбинона ва бар пояи меъёрҳои байналмиллалии ин қазия шуда буд.
Имрӯз дар Туркия маросими дафни он ҳомиёни ҳуқуқи башар баргузор шуд, ки рӯзи душанбе бар асари ҳамлаи нерӯҳои баҳрии Исроил кушта шуданд. Онҳо мехостанд муҳосираи дарёии навории Ғазза аз сӯи Исроилро шикаста, барои мардуми ин минтақа кумаки башарӣ расонанд. Ҳашт нафари кушташудагон шаҳрвандони Туркия буданд.
Абдулло Гул, раисиҷумҳури Туркия, имрӯз изҳор намуд, ки робитаи кишвараш бо Исроил, баъд аз ҳамла ба корвони киштиҳои ҳомили кумаки башарӣ барои навори Ғазза, чун пештара боқӣ нахоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG