Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Freedom House феҳристи кишварҳои мустабидро нашр кард


Созмони Freedom House, ё Хонаи Озодӣ, имрӯз феҳристи кишварҳои мустабиди оламро нашр кард. Дар миёни даҳ кишвари мустабидтарини ҷаҳон ду кишвари Осиёи Марказӣ - Туркманистон ва Узбакистон низ ҳастанд. Ба ин, "даҳгона" ҳамчунин Бирма, Кореяи шимолӣ ва Сомалӣ шомил шудаанд. Дар иттилоияи раиси Хонаи Озодӣ Пол Шрифер гуфта шудааст, ки дар ин кишварҳо ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ поймол мешаванд, дигарандешон мавриди таъқибу фишори шадид қарор доранд ва фаъолияти аҳзоби мухолифи ҳукумат мамнӯъ шудааст. Freedom House ба думболи "даҳгона" феҳристи ҳашт кишвари дигарро ҷой додааст, ки вазъ дар онҳо андаке беҳтар аст. Ба ин рӯйхат, аз ҷумла, Белорус, Чин, Куба ва Арабистони саудӣ шомил шудаанд.
XS
SM
MD
LG