Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Абдулло Гул: Робита бо Исроил мисли пештара боқӣ намемонад


Абдулло Гул, раисиҷумҳури Туркия, изҳор намуд, ки робитаи кишвараш бо Исроил, баъд аз ҳамла ба корвони киштиҳои ҳомили кумаки башарӣ барои навори Ғазза, чун пештара боқӣ нахоҳанд монд. Имрӯз дар Туркия маросими дафни он ҳомиёни ҳуқуқи башар баргузор шуд, ки рӯзи душанбе бар асари ҳамлаи нерӯҳои баҳрии Исроил кушта шуданд. Онҳо мехостанд муҳосираи дарёии навории Ғазза аз сӯи Исроилро шикаста, барои мардуми ин минтақа кумаки башарӣ расонанд. Ҳашт нафари кушташудагон - шаҳрвандони Туркия ва як нафари дигар – амрикоии туркнажод буданд.
Дар ҳамин ҳол имрӯз садҳо ҳомиёни ҳуқуқи башари пуштибон аз Фаластин, ки бар асари ин ҳамла аз сӯи низомиёни Исроил боздошт шуда буданд, вориди Туркия шуданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, онҳоро дар фурудгоҳи Истамбул бо кафкӯбиву аҳсантхониҳо истиқбол гирифтанд.
Рӯзи сешанбе Шӯрои амнияти СММ дар нишасти фавқулоддаи худ, ки бо даъвати Туркия баргузор шуд, хостори тафтиши фаврӣ, воқеъбинона ва бар пояи меъёрҳои байналмиллалии ин қазия гардид. Ва аммо Авигдор Либерман, вазири умури хориҷии Исроил, имрӯз даъвати тафтиши байнулмилалии ҳодисаро рад кард.
XS
SM
MD
LG