Пайвандҳои дастрасӣ

Сарони шаш бахши ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо баргузории як нишаст изҳор доштанд, ки ба парлумон ва раисҷумҳури кишвар як муроҷиатнома бо баёни норизоӣ аз пулакӣ шудани роҳи Душанбе–Чаноқ ирсол хоҳанд кард.

Ин нишасти аҳзоб дар Хуҷанд рӯзи панҷшанбеи 3–юми июн бо иштироки сарони аҳзоби сиёсӣ, маркази «Ҷомеаи шаҳрвандӣ», намояндагони ширкати Инновайтив Роуд Солюшенз (IRS) ва мақомоти раҳдорӣ сурат гирифт.

"Роҳи давлати иҷтимоӣ набояд пулакӣ бошад"

Моҳинисо Ҳорисова, сарвари маркази «Ҷомеаи шаҳрвандӣ», гардонандаи нишаст дар бораи мазмуни муроҷиатномаи аҳзоб ба раисҷумҳур ва парлумони Тоҷикистон гуфт, «ҳизбҳои сиёсӣ даъво доранд, роҳе ки алтернатива надорад, набояд пулакӣ бошад. Дар ин маврид банди якуми Сарқонун, ки Тоҷикистонро давлати иҷтимоӣ эълон кардааст, бояд ба назар гирифта шавад. Дар Тоҷикистон маоши ҳадди ақал 60 сомонӣ аст ва арзиши роҳи пулакӣ хеле гарон аст.»

Сарони бахшҳои демократӣ, сотсиал–демократӣ, сотиалистӣ ва наҳзати исломӣ гуфтанд, ки зери ин муроҷиатнома имзо мегузоранд.
Ба назари онҳо, пулакӣ шудани роҳи Душанбе – Чаноқ вазъи бе ин ҳам ногувори иҷтимоии сокинонро харобтар мекунад ва

Аюб Эгамов, намоянда аз бахши ҳизби сотсиал–демократии Тоҷикистон дар Хуҷанд, дар ин бора гуфт, «барои он ки маблағи роҳ барои қишри камбизоат гарон мебошад. Дар мисоли ҳодисаҳои Қирғизистони ҳамсоя мегӯям, ки он ҷо нархи нерӯи барқро баланд бардоштанд ва сокинон барошӯфтанд ва ин ба нооромиҳо расонд. Дар Тоҷикистон ҳам вақте ки дар тамоми тӯли роҳи Душанбе - Мастчоҳ нуқтаоҳи пулчинӣ боз мекунанд, метавонад норизоӣ ба миён ояд. Ҳозир дар минтақаи шимол танҳо ду нуқта ҳаст ва роҳҳои пинҳонӣ ҳам ҳаст, ки онро нагузаранд.»

Дархости ташкили "Хазинаи роҳ"

Ҳамчунин, сарони чаҳор ҳизби мазкур гуфтанд, ки беҳтар аст масъулияти таъмиру тармими роҳ ба мақомоти роҳи кишвар вогузор ва чун дар собиқ аз ҳисоби андози роҳ «Хазинаи роҳ» ташкил карда шавад.

Вале намояндагони бахшҳои суғдии ҳизби халқии демократӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ Тоҷикистон аз ҳамроҳ шудан ба муроҷиатномаи аҳзоби сиёсӣ худдорӣ карданд.

Муҳаммадҷон Исомаддинов, раҳбари созмони ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар Хуҷанд, гуфт, аъзои ҳизбаш пулакӣ шудани роҳи Душанбе – Чаноқро ҷонибдорӣ мекунанд. Аммо вай афзуд, ки ҳанӯз дар соли гузашта аз сӯи парлумони кишвар қонуни роҳ ба тасвиб расида, Ҳоло танҳо сари механизми иҷрои он ва нархи роҳ баҳс меравад, аммо чун дар ҳоли ҳозир сари бозомӯзии ин мушкил комиссияи давлатӣ машғул аст, умедвори ҳалли он аст.

Ширкати IRS 25 миллион доллар масраф кардааст


Мирзоалӣ Мансуров, раҳбари бахши ширкати Инновайтив Роуд Солюшенз дар вилояти Суғд дар нишасти Хуҷанд гуфт, ки ширкати мазкур аз оғози фаъолият то ҳол 25 доллари амрикоӣ маблағ ба харҷ додааст. Вай афзуд, ин маблағ барои «харидани 32 адад техникаи раҳсозӣ аз Чин, ташкили механизми идораи роҳ, харидории таҷҳизоти роҳсозӣ, корхонаҳои роҳдорӣ, пойгоҳҳои пулҷамъкунӣ ва маоши 400 корманди ширкат сарф шудааст".

Ширкати мазкур 31 марти соли равон ба пулчинӣ дар роҳи Душанбе – Чаноқ сар карда буд.

Аммо раҳбари бахши ин ширкат дар вилояти Суғд ба саволҳои иштирокдорони нишаст дар бораи он ки оё ширкаташ собиқаи корӣ ва техникаву таҷиҳизоти зарурӣ дар ихтиёр надошт ва то ҳол аз ронандаҳо чё қадар маблағ ҷамъ овард ва ба чӣ масраф кард, посух нагуфт ва афзуд, ки ваколати додани ин гуна маълумотҳоро надорад.

Ҷаноби Мансуров ҳамчунин гуфт, ширкаташ барои сокинони оддии деҳоти атрофи шаҳри Истаравшан ва шаҳракҳои Табошару Консой имтиёзе муқаррар кард, ки аз онҳо на барои тамоми тӯли роҳи Хуҷанд – Истаравшан ва Хуҷанд – Мастчоҳ, балки танҳо барои масофаи тайкардаашон раҳпулӣ биспоранд.

Андози роҳ ба куҷо меравад?


Дар вилояти Суғд танҳо роҳи аз Душанбе – Чаноқ бо сармояи Чин аз нав сохта шуда, боқӣ таъмиру тармим надида ва харобу фарсуда аст.

Тошмуҳаммад Ашуров аз масъули шуъбаи роҳу нақлиёт дар ҳукумати Суғд дар шиштирокдори нишасти аҳзоби сиёсӣ омили аслии ин вазъро аз байн рафтани хазинаи роҳ бастагӣ дод. Ба гуфтаи вай, то соли 1996 дар Тоҷикистон аз ҳисоби андози роҳи соҳибони нақлиёт «хазинаи роҳ» мавҷуд буд, ки маблағи он танҳо барои бунёд, таъмиру тармими роҳҳои нақлиётӣ ва сохтмони иншоотҳои роҳ масраф карда мешуд. Аммо баъд дар пайи ҷанги шаҳрвандӣ буҷаи Тоҷикистон хароб шуд ва ба хотири коҳиши қасри буҷа «хазинаи роҳ» - ро барҳам заданд. Акнун андози роҳ ба буҷа ворид мегардад ва умдатан ба пардохти маош ва нафақаҳои сокинон меравад.

Ба гуфтаи Т. Ашуров, акнун аз буҷа барои коршоям нигаҳ доштани роҳ барои ҳар 1 киламетр 800 – 1000 сомонӣ ба ҷои пешина беш аз 12 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мегардад ва қисме аз он ҳам барои пардохти маоши кормандони соҳаи раҳдорӣ ва хароҷоти дигар масраф мегардад.

«Истифодаи пули роҳ бояд шаффоф бошад»

Суҳроб Рустамов, корманди шуъбаи идеологии ҳукумати Суғд, ширкаткунандаи нишасти аҳзоби сиёсӣ дар Хуҷанд раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсиониро як самти аслии фаъолияти давлати Тоҷикистон ва бозсохти роҳи Душанбе – Мастчоҳро дар ин самт як дастовари муҳим хонд.

Ин роҳ бо сармояи Чин сохта шуд, аммо ба таъкиди рустамов, бояд ҳар сокини Тоҷикистон, ки бо нақлиёти худ аз он истифода мебарад, дар коршоям доштани ин роҳ саҳм бигирад. Ба назари вай, фаъолияти молии ширкати IRS бояд ба ҳар сокин шаффоф бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG