Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, собиқ узви Маҷлиси миллӣ ва аз раҳбарони собиқи Иттиҳодияи оппозитсиюни пешини тоҷик, дар остонаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллии тоҷикон интишор ёфтани хабари баррасии парвандаи Юсуф Ҷалилов ба унвони муҳофизи Тураҷонзодаро як навъ «дасисасозии мақомоти додситонии кишвар ва муфаттишҳо» номид.

Ба қавли ҷаноби Тӯраҷонзода, 13 сол аз имзои созишномаи сулҳ ва аз афвҳои чандмаротибаи ҳукумат мегузарад, вале ҳанӯзам «кушишҳои душмансозӣ ва душманҷӯӣ» мушоҳида мешавад. Хусусан, ӯ гуфт, идораҳои тафтишотӣ, идораҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар аксари ҳолат кушиш мекунанд, то миёни мардум рахна эҷод кунанд.

Иттиҳом алайҳи муҳофизи собиқи Тӯраҷонзода

Оқои Тӯраҷонзода мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар як давраи ҳассос барои Тоҷикистон, ки «фишорҳои хориҷӣ, таҳдидҳои хориҷӣ болои сараш зиёд аст», чаро бояд гуноҳсозӣ кард?

Нуктаи дигаре, ки ҷаноби Тӯраҷонзода таъкид кард, ин аст, ки дар парвандаи куштори Муҳиддин Олимпур, Моёншо Назаров ва Виктор Никулин, ки ин парвандаҳо ҷамъбаст шуданду, афроди муҷрим ба додгоҳ кашида шуданд ва аз поёни анҷоми ин ҳукмҳо чанд сол ҳам гузаштааст, номи Юсуф Ҷалилов зикр нашудааст ва аз ҷониби ҳеҷ кадом шоҳид ҳам ин ном оварда нашудааст. Ӯ мегӯяд, чаро имрӯз номи Юсуф Ҷалилов ба унвони муҳофизи Тӯраҷонзода дар куштори ин афроди шинохтаи кишвар зоҳир шуд, ки ин ҷои тааҷҷуб аст.

Бобо Олимпур, писари шодравон Муҳиддин Олимпур, низ, дар миёни қотилони падараш зикр нашудани номи Юсуф Ҷалиловро таъйид кард ва гуфт, аз рӯи парванда қотилон чаҳор нафар буданд, ки якеаш дар ҷанги дохилӣ кушта шуда будааст ва сеи дигар феълан дар маҳбас будаанд.

Ҷаноби Тӯраҷонзода ҳамчунин гуфт, модоме, ки кадом афроди собиқи Иттиҳодияи оппозитсиюн, ки муҳофизи Тӯраҷонзода ё аз раҳбарони дигари собиқ мухолифин аст, боздошт мешавад ва ҳангоми баррасии аъмолаш ба унвони «муҳофизи Тӯраҷонзода» ё «размандаи Тӯраҷонзода» дар ҷомеа интишор мешавад, чаро афродеро ба мисли Маҳмуд Худойбердиев ё Хӯҷа-командир ё нафарҳои дигар, ки ба додгоҳ кашида шудаанд, додситонҳо намегӯянд, ки фармондеҳони наздик ба шахсҳои аввали ҳукумати имрӯзи Тоҷикистон буданд? Магар ин сиёҳ кардани рақиби сиёсӣ нест, суол медиҳад ҷаноби Тӯраҷонзода.

Оқои Тӯраҷонзода гуфт, борҳо изҳор доштааст, ки худро барои раҳбарони ҳукумати имрӯз рақиби сиёсӣ ҳисоб намекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG