Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бан Ки Мун хостори хатми муҳосираи Ғазза шуд


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки Мун

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки Мун

Ба думболи он чи бар сари корвони маводи имдодӣ ба Ғазза омад, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки Мун аз Исроил даъват кард, ки ба муҳосираи Ғазза хотима диҳад ва роҳро барои вуруди борҳои башардӯстона боз кунад.

Бан Ки Мун идомаи муҳосираро кори "ғалат" унвон кард. Шарҳи дабири кулли СММ дар ҳоле садо дод, ки садҳо фаъоли ҳуқуқи башар аз корвони маводи имдодӣ ба Туркия баргаштанд ва аз онҳо ҳамчун аз қаҳрамонҳо истиқбол шуд.

Машварати оҷил дар Шӯрои амният

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки Мун бо таҳияи машваратҳои оҷил бо кишварҳои узви Шӯрои амният ва дипломатҳои Туркияву Исроил дар пайи пажӯҳиши ҷиддии хисороти ҷонии ҳуҷуми Исроил ба ба корвони маводи имдодӣ шудааст.

Дабири кул дар танаффуси байни ин мулоқотҳо ба хабарнигорон гуфт, ки хостори хатми оҷили муҳосираи Ғазза шудааст ва ҳамчунин аз Исроил тақозо кардааст, ки бар пояи ин ҳодиса пурра ҳисобот бидиҳад ва рӯйхати кушташудаҳо ва захмиҳоро ошкор кунад.

Дар ҳодисаи ҳуҷуми Исроил ба корвони маводи имдодӣ, рӯзи 31 май, 9 нафар кушта ва теъдоди номуайян тахмӣ шудаанд.

Бан Ки Мун гуфт, "ин фоҷеа танҳо ба ҷиддияти мушкилоти аслӣ таъкид мекунад. Муҳосираи тӯлонии Навори Ғазза як амали ғалат ва нопойдор аст. Ин амал мадуми мулкиро муҷозот мекунад. Исроил бояд оҷилан ба муҳосира хотима диҳад."

Саркашии Исроил

Исроил аз пажӯҳишҳои қаблии Шӯрои амният сарпечӣ карда буд ва гумон аст, ки ба талаби навбатӣ сар фурорад. Сухангӯи ҳукумати Исроил Марк Регев аз қабл гуфтааст, ки кишвараш метавонад ин қазияро мустақилона пажӯҳиш кунад.

Аз сӯи дигар Дабири кул фоҷеаи корвони маводи имдодиро ба зарурати аз саргирии музокироти сулҳ дар Ховари Миёна вобаста кард.

Ихроҷи фаъолони корвони имдодӣ

Дар ҳамин ҳол садҳо фаъоли корвонро, ки Исроил онҳоро дирӯз озод кард, дар Туркия ҳамчун қаҳрамон истиқбол карданд. Ба ин гурӯҳ аксаран шаҳрвандони Туркия ва гурӯҳҳое ҳам аз Норевгия Дания ва Британия шомил буданд. Ҳавопаймо ҳамроҳ бо фаъолон, ҳамчунин ҷасади онҳоеро овард, ки дар ҳодисаи ҳуҷум ба корвон кушта шуданд.

Гурӯҳи фаъолонро ҳайъати бузурги намояндагони ҳукумати Туркия бо сарварии ноиби нахуствазир Булент Аринтс дар фурӯдгоҳ самимона истиқбол кард. Ноиби нахуствазир гуфт, ки аз сафари корвон ҷонибдорӣ мекунад.

Гуфта мешавад, ки корвони маводи имдодиро гурӯҳи зиддунақизе бо номи "Созмони хайрияи исломӣ" созмон додааст. Исроил ин гурӯҳро ба иртибот бо Ал-Қоида муттаҳам кардааст.

Нетаняҳу: Муҳосираи Ғазза зарур аст

Дар Байтулмуқаддас нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дубора аз муҳосираи Ғазза дифоъ ва ба зарурати ҷилавгирӣ аз қочоқи силоҳ аз Ирон ва ҷойҳои дигар ба Ғазза таъкид кард.

Вай гуфт, "ҷомеаи ҷаҳонӣ бар бандарҳои Эрон дар баҳри Миёназамин мусаллат нест. 15 соли пеш ман аз равишҳои Эрон, ки ҳоло рӯ ба рӯ ҳастем, ҳушдор дода будам. Мардум акнун ин таҳдидро эътироф мекунанд. Ман акнун аз тамоюли қарибулвуқӯъ, ки ба Эрон имкон медиҳад бандари нирӯи дарёиро дар наздикиҳои Исроил, дар наздикиҳои Аврупо бунёд кунад, ҳушдор медиҳам. Ҳамин кишварҳое, ки имрӯз аз мо интиқод мекунанд, бояд огаҳ бошанд, ки фардо ҳадаф қарор хоҳанд гирифт".

Сухангӯи ҳукумат афзуд, ки Исроил ба ҷуз манъ кардани корвон чораи дигар надошт. Ӯ аз баъзе фаъолон ҳамчун аз "ҳомиёни хушунатофарини терроризм" ном бурд. Нетаняҳу гуфтааст, ки муҳосираи бандарии Ғазза ҳамчунин идома хоҳад ёфт.

Боз як санҷиши Исроил

Ин қарори Исроил ба зудӣ мавриди санҷиш қарор қарор хоҳад гирифт. Зеро пароми дигар бо номи "Новгони Озодӣ" ҳомили маводи имдодӣ ва асосан фаъолони Ирландия ва Малайзия, ба сӯи манотиқи муҳосирашудаи Ғазза равон аст.

Онҳо мегуянд, ки бо бори иборат аз маводи сохтмонӣ дар Ғазза лангар хоҳанд зад. Вазири корҳои хориҷии Ирландия аз Исроил хостааст, ки монеъи сафари корвон нашавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG