Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Забони узбакӣ қирғизҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо кард


Намояндагони як қатор ҷунбишҳои мардумии Қирғизистон ба нашри тарҳи нави Қонуни асосӣ бо забони узбакӣ мухолифат нишон доданд.

Дар Қирғизистон забони қирғизӣ забони давлатист ва ба ҳайси забони расмӣ забони русӣ пазируфта шудааст, аз ин лиҳоз тарҳи нави Қонуни асосӣ ва шарҳи он бояд ба ин ду забон пахш шавад, мегӯянд мухолифон.

Мухолифони нашри қонун бо узбакӣ

Ба гуфтаи ширкатдорони як нишасти хабарӣ, ки ба намояндагӣ аз ҷунбишҳои мардумии «Манас Эл», «Ақ Шумқор Қут» ва амсоли он ҳузур доштанд, ба забони ӯзбакӣ нашр намудани яку ним миллион нусха тарҳи нави Қонуни асосӣ ва 300 ҳазор нусха шарҳи он ба мақсад мувофиқ нест. Ба гуфтаи Давлат Нусупов, яке аз фаъолони ҷунбиши «Манас Эл» ё «Мардуми Манас», вай пеш аз ҳама манфиатҳои мардуми қирғизро ҳимоя мекунад ва худро аз шумори миллатчиён мешуморад.

Фаъоли дигар Мавлон Аскарбеков мегӯяд, мубтакири нашри тарҳи қонун бо узбакӣ Омурбек Текебоев қонунро поймол кардааст ва бо дарназардошти манфиатҳои худ ғояи пахши тарҳи нави Қонуни асосӣ ва шарҳи он ба забони ӯзбакиро дар миён гузоштааст.

Мирҳомид Тохтагул-ӯғлӣ мегӯяд, ҳар як шаҳрванди Қирғизистон муваззаф аст, ки забони давлатӣ ё расмиро донад. Ба гуфтаи ӯ, пахши тарҳи нави Қонуни асосӣ ба забонҳои мухталиф якпорчагии кишварашро ба хатар мувоҷеҳ мекунад.

Тарафдорони нашри қонун бо узбакӣ

Ҷоомарт Сафарбоев, мушовири Омурбек Текебоев, мегӯяд, дар Қирғизистон ҳудуди як миллион мардуми ӯзбактабор ба сар мебаранд. Ба гуфтаи мавсуф, ҳадаф аз нашри тарҳи нави Қонуни асосӣ ва шарҳи он ба шумори як миллиону ҳаштсад ҳазор нусха ҳамин аст, ки ӯзбактаборони Қирғизистон низ дар раъйдиҳии 27-уми июн фаъолона ширкат кунанд.

Ба таъкиди Ҷоомарт Сафарбоев ҳар як шаҳрванди кишвараш ҳақ дорад, ки перомуни масъалаҳо назари худро баён кунад, вале дар нашри тарҳи нави Қонуни асосӣ ба забони ӯзбакӣ ягон ҳадафи сиёсӣ ниҳон нест.

Тоболдӣ Оқиров, коршиноси масоили сиёсии қирғиз, мегӯяд, Қонуни асосии Қирғизистон кафолати ҳифз ва рушди забони ҳар як қавмро таъмин хоҳад кард. Ба ақидаи ӯ, маҳз нодуруст ташреҳ намудани ҳамин кафолат падидаҳои нодида гирифтани забони давлатии Қирғизистонро эҷод хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG