Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафсилоти бештари ҳамла ба пулис дар Варзоб


Бар асари ҳамлаи мусаллаҳона ба пулис дар посгоҳи Варзоб як корманди Вазорати корҳои дохилӣ ҷароҳат бардоштааст. Ҳамлагарон мошини худро гузошта, фирор кардаанд ва аз даруни мошин аслиҳа дарёфт шудааст.

Шоҳидон аз як ҳамлаи мусаллаҳона болои посгоҳи милиса дар минтақаи Майхураи ноҳияи Варзоб, дар роҳи Душанбе — Хуҷанд, хабар медиҳанд.

Хабаргузории маҳаллии «Авасто» тафсилоти бештари ҳамла ба посгоҳи «Варзоб»-ро нашр кардааст. Бино бар навиштаи ин хабаргузорӣ, кормнадони шӯъбаи мубориза бо ҷинояткории муташаккилона дар чаҳорчӯби амлаиёти «Кӯкнор-2010» дар маҳал будаанд. Онҳо як мошини “Опел-вектра”-ро бозмедоранд, ки дар дарунаш бар иловаи ронанда боз чанд мусофир низ менишастаанд.

Корманди пулис ба мошин наздик шуда, ронанда ва мусофиронро хоҳиш мекунад, ки аз он берун шаванд. Дар посух яке аз мусофирон ба корманди пулис оташ мекушояд ва ӯро захмӣ мекунад.

Баъдан, онҳо мошинро тарк карда, аз маҳалли ҳодиса ҳама фирор мекунанд.

Манбаъи “Авасто” гуфтааст, аз даруни мошин як борхалта бо детонатор ва таппончаи “Валтер” бо садохомӯшкунаш дарёфт шудааст.

Аммо дар айни ҳол, ҳеҷ хабари расмӣ дар ин бора ироа нашудааст. Вале бархе манобеъ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, нерӯҳои фаврӣ ба ҷои воқеъа эъзом шудаанд.
XS
SM
MD
LG