Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарнигорон ва ронандагони юнонӣ эътироз мекунанд


Дар Юнон хабарнигорон ва кормандони нақлиёт ба коршикании 24-соата ба нишони эътироз аз пиёдасозии чораҳои шадиди иқтисодӣ аз сӯи ҳукумат шурӯъ карданд. Тибқи хабарҳо, шабакаҳои садову симои Юнон имрӯз аз пахши ахбор худдорӣ хоҳанд кард. Дар Афина нақлиёти ҷамъиятӣ кор намекунад.
Чораҳои шадиди иқтисодӣ, ки аз он миллионҳо кормандони давлативу бознишастаҳо осеб мебинанд, бояд, аз нигоҳи ҳукумати Юнон, барои берун шудани кишвар аз бӯҳрони шадиди молиявӣ мусоидат кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG