Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Истамбул аз пуштибонҳои Фаластин


Садҳо ҳомиёни ҳуқуқи башари пуштибон аз Фаластин, ки бар асари ҳамлаи нерӯҳои баҳрии Исроил ба корвони ҳомили кумаки башарӣ барои навори Ғазза боздошт шуда буданд, имрӯз вориди Туркия шуданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, онҳоро дар фурудгоҳи Истамбул бо кафкӯбиву аҳсантхониҳо истиқбол гирифтанд. Дар маросими истиқболи ҳомиёни ҳуқуқи башар муовини сарвазири Туркия Булент Аринч ва дигар мақомоти расмӣ ширкат доштанд.
Аз ин пеш Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки Мун аз Исроил даъват кард, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз низоъҳои хушунатбор дар оянда ба таври фаврӣ аз муҳосираи Ғазза даст бардорад. Рӯзи чаҳоршанбе иттилоъ дар бораи он, ки як киштӣ аз Ирландия бо кумаки башарӣ сӯи навори Ғазза роҳ гирифтааст, тасдиқ шуд.
Рӯзи 31 май бар асари ҳамлаи нерӯҳои баҳрии Исроил ба корвони ҳомили кумаки башарӣ барои навори Ғазза 9 нафар ба ҳалокат расиданд. Шӯрои амнияти СММ дар нишасти фавқулоддаи худ хостори тафтиши фаврӣ, воқеъбинона ва бар пояи меъёрҳои байналмиллалии ин ҳодиса шуд.
XS
SM
MD
LG