Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барканории яке аз домодҳои раисҷумҳури Тоҷикистон аз мақом дар сафҳаи аввал ва дар сархати ахбори бештари нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта қарор гирифтааст.

Барканории домоди президент

«Пайкон» бо чопи акси курсии холӣ дар сафҳаи аввали худ менависад дар кишварҳои дигар президентҳо ҳамагӣ як ё ду духтар доранд ва метавонанд домодҳояшонро дар ҳукумат вазифа диҳанд, аммо агар дар Тоҷикистон ҳам ҳама духтарону домодҳояшро вазифа диҳад, дар ҳукумат қариб, ки курсии холӣ боқӣ намемонад. Аз ин рӯ, навиштааст нашрия, барканории домоди президент аз мақом тасмими дуруст аст.

«Тобистони гарми соли 2010» унвони як навиштаи «Фараж», нашрияи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, аст. Муаллиф дар ин матлаб дар иртибот ба ҳаводиси ахири дохилӣ, аз ҷумла, пулакӣ кардани роҳи Душанбе-Хуҷанд, иттифоқоти рухдода дар Қирғизистон, муносиботи Тоҷикистону Ӯзбакистон ва Русия изҳори назар кардааст. Вале як нуктае, ки дар ин матлаб ишора мешавад, ин аст, ки ҳаводиси рухдода дар Қирғизистон раисҷумҳури Тоҷикистонро водор кардааст, ки даст ба тасмимҳое чун барканории домоди худ бизанад. Дар чунин вазъ, ҳукумат дар дохили ҳукумат набояд вуҷуд дошта бошад ва аз ин рӯ, аз эҳтимол дур нест, ки раисҷумҳур ба хотири бақои курсӣ дигар аз пайвандони худро аз мақомҳо барканор кунад.

«Озодагон» дар иртибот ба ин масъала бо суоли «Оё меъёри интихоби кадр дар Тоҷикистон чӣ аст?» ба чанде аз коршиносон муроҷиат кардааст. Бештари коршиносон гуфтаанд, ки меъёри интихоби кадр дар Тоҷикистон ҳамоно хешу таборӣ, маҳал ва ришва боқӣ мондааст. Аз ҷумла, яке аз коршиносон гуфтааст, ки сиёсати интихоби кадр дар Тоҷикистонро як нафар, наздикони ӯ ва аҳли хонаводааш таъйин мекунад.

Роҳи пулакӣ

Як мавзӯе, ки тайи ду моҳи ахир аз саҳифаҳои расонаҳо берун намешавад, пайомади номатлуби пулакӣ шудани роҳи Душанбе -Хуҷанд ва моҷарои бархоста миёни Оҷонси зиддиинҳисории Тоҷикистон ва ширкати Инновейтив Роуд Солюшнз аст.

«Азия-плюс», нашрияи русизабони Душанбе, дар ин шуморааш низ ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор дода, ва аз ниҳодҳои дигари кишвар, аз ҷумла Тоҷикстандарт ва ниҳодҳои интизомии кишвар тақозо кардааст, ки мавқеи худро дар баробари фаъолияти ширкати мазкур, ки аз сӯи Оҷонсии зиддиинҳисорӣ ғайриқонунӣ шуморида мешавад, муайян кунанд.

Кӯлоб

«Обанбори махфӣ сабаби фалокати Кӯлоб шуд» - сарлавҳаи навиштаи Аҳмади Иброҳим дар нашрияи «Тоҷикистон» аст. Муаллиф менависад, ҳоло масъулон барои он ки сойи Тебалайро саривақт тоза накарданд, барои сафед кардани худ дар назди мардуми офатзада ҳар гуна баҳонаҳо пеш меоваранд. Вале то ҷое рӯшан шудааст, вакилони пешини парлумон аз Кӯлоб ҳар кадоме ду -се навбатӣ ба мақомоти ин шаҳр дархости тоза кардани ин сойро карда будаанд, аммо онҳо тавре рафтор карданд, ки натиҷааш ҳалокати мардуми бегуноҳ ва хонавайронии садҳо нафар шудааст.

Нерӯи барқ

«Нигоҳ» пешниҳод мекунад, ки баҳои нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар фасли тобистон арзон шавад. Муаллиф менависад, дар ҳоле ки наметавон барқи изофии худ дар мавсими тобистонро, ки беш аз 3 миллиард киловат аст, бифурӯхт, чаро нархи онро барои мардуми худ поин наовард? Дар ҳоле ки яке аз қарздорони асосии ширкати Барқи тоҷик Вазорати кишоварзӣ аст, ки ин қарз низ асосан аз обёрии заминҳо тавассути пойгоҳҳои обрасонӣ ҷамъ шудааст.
XS
SM
MD
LG