Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовинони нав барои Амонулло Ашӯр


Акс аз яке аз нишастҳои ҳукумати Тоҷикистон дар 30-уми январи соли 2010
Акс аз яке аз нишастҳои ҳукумати Тоҷикистон дар 30-уми январи соли 2010

Бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон ва президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати ҳукумат тағйироте ба вуҷуд омад. Дар Хадамоти зиддимонополӣ ду муовини нав таъин ва раисони се ноҳияҳо аз вазифа озод шуданд.

Қурбонбой Каримов аз курсии раиси ноҳияи Зафаробод ба маснади раиси ноҳияи Фархор мегузарад. Ӯ дар курсии раиси ноҳияи Фархор Шариф Ғаффоровро иваз кард, худи ҷаноби Каримовро дар курсии раиси ноҳияи Зафаробод Ҳамидҷон Боиров иваз намуд. Дар ноҳияи Шӯробод низ ба ҷойи Иброҳим Азизов раиси нав Амирхон Икромов таъин гардид.

Раисони ноҳияҳо, бино бар хабари дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, «бо сабаби ба кори дигар гузаштан» аз вазифа озод шудаанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин мушовири худ дар масоили иқтисодӣ Одилҷон Ҷабборовро мудири шӯъбаи молияи дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ таъин намуд.

Ҳамчунин, Назар Одинаев муовини аввали раиси Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон ва Абдусамад Саидмуродов муовини раис дар ин хадамот таъин гардиданд. Раёсати ин хадамот бар дӯши Амонулло Ашӯр аст, ки феълан бо ширкати IRS сари роҳҳои пулакӣ вориди баҳс шудааст.
XS
SM
MD
LG