Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил кулли боздоштшудаҳоро ихроҷ кардааст


Исроил мегӯяд, ихроҷи садҳо хориҷии боздоштшуда дар ҷараёни амалиёти нирӯҳои вижааш алайҳи киштиҳои ҳомили кӯмак ба навори Ғазаро ба анҷом расондааст. Мақомот мегӯянд, аҷсоди 9 тани кушташуда дар амалиёти рӯзи 31 май ва 527 фаъоли боздоштшуда аз Тел-Авив ба Юнону Туркия фиристода шуданд. Дастикам 4 тан аз кушташудагон ва садҳо тан аз боздоштшудагон шаҳрвандони Туркия буданд ва ин ҳодиса боиси боз ҳам бадтар шудани равобити Исроилу Туркия шуд.
Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун аз Исроил даъват кард, ба муҳосираи навори Ғаза поён диҳад. Аммо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу аз муҳосираи Ғаза дифоъ кард ва гуфт, ки ин ба хотири пешгирӣ аз қочоқи таслиҳот аз сӯи Эрон ва дигарон ба ин қисмати сарзаминҳои фаластинист.
XS
SM
MD
LG