Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманаӣ 81 ҷонибдори мухолифинро афв кардааст


Раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ 81 тан аз ҷонибдорони мухолифинро, ки дар ширкат дар ошӯбҳои пасоинтихоботии соли гузашта муҷрим шинохта шудаанд, афв кард. Дар хабари нашршуда дар сомонаи интернетии Хоманаӣ ҳуввияти афроди афвшуда оварда нашудааст, вале гуфта мешавад, ки онҳо ба муносибати мавлуди духтари паёмбари Ислом Муҳаммад(с) афв шудаанд. Дар пайи эълони пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи пурбаҳси як сол пеши раёсатҷумҳурии Эрон ин кишварро мавҷи бесобиқаи эътирозҳо фаро гирифт. Ҳазорон нафар дар пайи ин эътирозҳо боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG