Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагии Шӯрои Амният ба раъйгирии қатъномаи Эрон


Раиси феълии Шӯрои Амнияти СММ сафири Мексика Клод Ҳеллер гуфт, интизор меравад, ин ниҳод ба зудӣ ва шояд дар зарфи 10 рӯзи оянда тарҳи таҳримот алайҳи Эрон ба далели фаъолиятҳои ҳастаии он кишварро мавриди раъйгирӣ қарор диҳад. Ҳеллер гуфт, коршиносони кишварҳои узви Шӯрои Амният пиромуни ҷузъиёти матни ин қатънома, аз ҷумла бар сари феҳрасти атбоъ ва ширкатҳои эроние, ки ба таҳдиди мунҷмид шудани суратҳисобҳояшон ваё манъи ироаи раводиди сафар қарор мегиранд, ба пешрафтҳое даст ёфтаанд. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Филлип Кровлӣ гуфт, Вошингтон умедвор аст, ки қатъномаи зидди Эрон рӯзи 20 ё 21 июн мавриди раъйгирӣ қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG