Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу аз амалиёти 31 май дифоъ кард


Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу аз амалиёти нирӯҳои вижаи кишвараш дифоъ кард. Ин амалиёти рӯзи 31 майи нирӯҳои коммандоси Исроил мунҷар ба ҳалокати 9 нафар ҳангоми тасарруфи киштии туркии ҳомили кӯмакҳо барои навори Ғаза шуд. Нетаняҳу гуфт, киштии Туркия киштии дӯст набуд.
Ӯ ҳамчунин гуфт, манъи ҳаракати киштиҳо ба навори Ғаза ба маънои ҷилавгирӣ аз интиқоли таслиҳот ва ашёи дигар ба “террористҳо” дар ин қисмати сарзаминҳои фаластинист.
Ин амалиёти Исроил мавҷи маҳкумиятҳои байналмилалиро ба бор овард.
XS
SM
MD
LG