Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Чехия эътилофи нави ҳоким ташкил шуд


Се ҳизби сиёсии Ҷумҳурии Чех, ки дар маҷмӯъ аксарияти курсиҳои парлумони ояндаи ин кишвари Аврупои шарқиро ба даст оварданд, ҷиҳати ташкили эътилоф тавофуқ бастанд. Эътилофи ҳоким, ҳизби демократи шаҳрвандӣ, ҳизби умури мардумӣ ва як гурӯҳи ҷадиди мавсум ба ТОП 09-ро дар бар мегирад. Дар интихоботи Чехия оророи аз ҳама бештарро ҳизби чапгарои сотсиал-демократ соҳиб шуд, вале натавонист барои ташкили эътилоф шарик пайдо кунад.
Номзади эътилофи нав ба сарвазирӣ бояд ибтидо аз сӯи раиси ин ҷумҳурӣ Васлав Клаус таъйид шавад.
XS
SM
MD
LG