Пайвандҳои дастрасӣ

Чизҳои шахсии Черчиллро ба фурӯш мегузоранд


Як бастаи бузурги чизҳои марбут ба сарвазири вақти Бритониё Уинстон Черчилл, бо шумули рӯзномаҳо, номаҳо ва ҳатто як сигори ӯ, дар музоядаи маъруфи Кристӣ дар Лондон ба фурӯш зада хоҳад шуд. Арзиши ин ҳамаро донандагон дар ҳудуди 1,5 миллион доллар рақам мезананд. Черчилл дар солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳон сарвазири Бритониё буд ва дар миёни чизҳои ба фурӯш гузошташуда рӯзномаҳои хусусии ӯ низ ҳаст, ки ба солҳои ҷанг рабт дошта, Черчилл дар он ҷузъиёти сӯҳбатҳояш бо президенти вақти Амрико Франклин Рузвелт ва раҳбари вақти Шӯравӣ Иосиф Сталинро рӯи қоғаз овардааст.
Ин маҷмӯъаро ношири амрикоӣ Стив Форбс, молики маҷаллаи номдори “Форбс” гирдоварӣ кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG