Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 миллион доллар ёрии Бонки рушди Чин ба Душанбе


Бонки давлатии рушди Чин ба манзури мусоидат ба рушди риштаи кишоварзӣ, тиҷорати хурду миёна ва равобити тиҷоратии миёни Пекину Душанбе ба Тоҷикистон 10 миллион доллар ихтисос медиҳад. Дафтари матбуоти “Амонатбонк” мегӯяд, дар пайи музокироти ҳайъатҳои ин ду бонк дар Пекин ду созишнома имзо шудааст. Яке аз ин санадҳои ҳамкорӣ иттихози 33 миллион юан, муодили тақрибан 4 миллиону 800 доллар барои рушди кишоварзӣ ва тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистонро дар назар дорад. Ду рӯз пеш вазорати молияи Тоҷикистон Чинро бо беш аз 600 миллион доллар бузургтарин сармоягузори иқтисоди Тоҷикистон унвон карда буд.
XS
SM
MD
LG