Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯмаки Амрико барои мубориза бо фалаҷи кӯдак


Амрико ба хотири кӯмак ба мубориза алайҳи бемории сироятии полиомелит, ё худ фалаҷи кӯдак, ба Тоҷикистон ҳудуди 250 000 доллар кӯмак мерасонад. Ин дар ҳолест, ки Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар бораи 544 мавриди фалаҷи кунд дар Тоҷикистон ва ташхис шудани 139 мавриди полиомелит дар ин кишвари Осиёи Марказӣ хабар додааст. ЮСАИД, Ожонси рушди байналмилалии Амрико дар оғози моҳи май тавассути Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба манзури анҷоми маъракаи саросарии воксинзанӣ аз полиомелит дар Тоҷикистон 100 000 доллар ҷудо карда буд. Акнун ин созмон барои идомаи ин маърака 148 000 доллари дигар ихтисос медиҳад.
XS
SM
MD
LG